Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар бораи минбаъд роҳ надодан ба иғвогариҳо дар сарҳад ба мувофиқа расиданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ҷаласа таҳти раёсати муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов бо имзои протокол хотима ёфт, ки мувофиқи он ҷонибҳо ба корҳо дар самти анҷоми корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни кишварҳо суръати бештар мебахшанд.

Вохӯрӣ пушти дарҳои пӯшида дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуда, аз ин рӯ, дар бораи дигар ҷузъиёти дар ҷаласа баррасишуда маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки аз 976 километр тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.

Пас аз гуфтушунидҳои панҷрӯза бо иштироки муовинони сарвазирони кишварҳо аз замони оғози муноқиша, вазъ дар сарҳад ба эътидол оварда шуд.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Ғайр аз ин, ҷоинибҳо изҳор доштаанд, ки гунаҳкорони сар задани муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.