Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то имрӯз 60% иҷро шуд.

Тавре ба Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод, то ин дам нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон ба андозаи 54%, вилояти Суғд – 55%, ВМКБ – 106%, ноҳияҳои тобеи марказ – 56% ва шаҳри Душанбе – 65% ба иҷро расидааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Комиссияи ҷумҳуриявии ташкили даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.