Дар осорхонаи давлатии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тошканд вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои Ӯзбекистон бо ҳайати ҳарбии Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Наазараҳмад Қосимзода роҳбарӣ дошт.

Назараҳмад Қосимзода ва Анвар Собиров

Дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои созишномаи зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баимзорасида моҳи марти соли гузашта байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳоии низомӣ ва қатораҳои ҳарбӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.

Дар Созишнома транзити бемамониати борҳо ва қатораҳои ҳарбӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳамлу нақли борҳои ҳарбӣ бо роҳҳои оҳани Ӯзбекистон аз қисмати марказии Тоҷикистон ба вилояти Суғд пешбинӣ шудааст.

Сардори Раёсати ҳамлу нақли ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон подполковник Анвар Собиров паҳлӯҳои хоси ин созишномаро зикр карда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳо дар ин самт изҳори назар кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.