Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ имрӯз Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амниятро дар формати С5+1 баргузор намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ дар департаменти давлатии ИМА Марк Муди бо иштироки сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Ҷон Поммершайм ҳайяти намояндагони ИМА-ро сарварӣ намуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода сарварӣ намуд. Зимни сӯҳбат ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва таҳдидҳои бозгашти ҷангиёни хориҷӣ баррасӣ шуд.

 “Соҳибистиқлолии ҳақиқӣ, мустақилият ва якпорчагии ҳудудии ин минтақа барои Иёлоти Муттаҳида аҳамияти хоса дорад ва мо дар доираи сиғаи C5 + 1 ва тавассути кӯшишҳои дуҷониба барои таъмини ин ҳадафҳои муҳим талош хоҳем кард», - қайд кард сафир Поммершайм зимни вохӯрӣ.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатӣ Муди ва ҳайати намояндагон лоиҳаҳои минтақавиро роҷеъ ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, аз ҷумла семинарҳои гузашта ва оянда оиди истифодаи барномаи ҳамкории полис бо ҷомеа, таҳаммулпазирии динӣ, ҷалби ҷавонон, шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонон ба ифротгароии хушунатомез муҳокима намуданд. Гурӯҳи кории мазкур нақшаҳоро барои вохӯриҳои ояндаи сиғаи C5 + 1 тасдиқ карданд.

C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кушишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, мебошад.

Дар вохӯрии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хосаро ба се бахши асосии аҳамияти умумӣ дошта равона менамоянд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ).

Дар вохӯрии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар Вошингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба қарор омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ менамоянд.

Лоиҳаҳои мазкур бо дастгирии ассигнатсияи Конгресси ИМА ба маблағи 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд. Аз лаҳзаи таъсиси формати C5 + 1 давлатҳои Осиёи Марказӣ дар усулҳои минтақавии баррасии масъалаҳо бештар манфиатдор гардидаанд ва формати мазкурро ҳамчун катализатор барои амалҳои муштарак меҳисобанд.