Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи рӯзи 22 май рухдодаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ дод. 

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон расман изҳор мекунанд, ки дирӯз 200 нафар сокинони деҳаи Қаробоғи Қирғизистон ба масофаи 700 метр ба дохили қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, ба муноқиша дар марз пардохтаанд.

«Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Қушғнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Гуфта мешавад, “қабристони мазкур дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, қитъаи баҳсӣ ҳисобида намешавад”.

“Бо мақсади роҳ надодани ба убури ғайриқонунии сокинони деҳаҳои зикршуда ба қаламрави зери посбонӣ қарордоштаи Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии дастаи сарҳадбонии “Исфара”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ карданд”, - хабар медиҳад Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки соати 13:00-и нимаи ҳамон рӯз байни мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид гузаронида шуда, айни замон вазъ ба эътидол оварда шудааст ва посбонии сарҳад бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави деҳаи Лаққони Исфара назди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткен рӯзи 22 май муноқишаи навбатӣ рух дод. Дар ин рӯз 200 нафар сокинони деҳаи Равоти ноҳияи Боткени Қирғизистон ҳамроҳ бо кормандони мусаллаҳи Хадамоти сарҳадбонии ин кишвар дар қаламрави деҳаи Лаққони шаҳри Исфара сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур мекунанд, ки пас аз ин сарҳадбонони тоҷик барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумони Қирғизистон имрӯз аз ҳукумати кишварашон дархост кардаанд, ки ба мушкилоти сокинони деҳаи Қаробоғ расидагӣ кунад, зеро вазъи иҷтиомии 21 ҳазор нафар аҳолии деҳа душвор аст.

Бино ба маълумоти АКИpress, вакил Каромат Орозова изҳор доштааст, ки то имрӯз аҳолии ин деҳа аз қабристони кӯҳна истифода бурда, лекин ахиран гуфтаанд, ки аз рӯи харита он ба ҷониби дигар тааллуқ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.