Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба Душанбе ташриф оварда, имрӯз бо раҳбарияти Тоҷикистон дар мавриди таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид мекунад, хабар додааст ба журналистон котиби матбуоти вазир Россияна Марковская. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад.

“Баррасии ин масъалаҳо имрӯз бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст”, - гуфтааст Марковская.

Зимнан зикр шудааст, ки дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни гуфтушунидҳо “масоили таҷдиди артиши Тоҷикистон, ҳамчунин масоили марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон” баррасӣ мешаванд.

“Мавзӯъҳои асосии гуфтушунидҳо аз масоили муҷаҳҳаз сохтани пойгоҳи низомии Русия бо намунаҳои нави силоҳ, ҳамчунин таҷдиди артиши Тоҷикистон иборатанд”, - иброз доштааст Марковская.

Ёдрас мекунем, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини низомӣ берун аз ҳудуди ин давлат ба шумор меравад, ки дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.