Лоиҳаи қонуни мазкур имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маъқул шуморида шуд.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода қайд кард, ки он бо мақсади муҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи Тоҷикистон дар замони ҷанг, пешгирӣ ва рафъи таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз зидди ҷумҳурӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таҳия шудааст.

Дар лоиҳаи қонун ташкил ва баргузор намудани тадбирҳои гуногун ҳангоми ҳолати ҷангӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, ҳолати ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон, минтақа ё қитъаи алоҳидаи он бо фармони президент, ки бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон маъқул дониста шавад, эълон мешавад.

Қонун ҳудуди макони амалҳои ҷангӣ, ваколатҳои раҳбарияти кишвар ва мақомоти давлатиро ҳангоми ҳолати ҷангӣ муайян мекунад.

Он ба маҳдуд кардани ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ ва дигар амалҳое, ки ба таъмини амният ва мудофиаи кишвар замони ҳолати ҷангӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд, имкон медиҳад.

Дар вақти ҳолати ҷангӣ хариду фурӯши аслиҳа, дорувории дорои маводи психотропӣ, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ манъ мешавад.

Ба мақомоти ваколатдор ҷиҳати назорати алоқа, нашрияҳои чопӣ, роҳандозии сензура дар воситаҳои ахбори умум салоҳият дода мешавад.

Ҳамчунин хориҷ шудан аз кишвар ва ворид шудани шаҳрвандон ба ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешавад.

Вақти корӣ, маблағгузорӣ, пардохти музди меҳнат замони ҳолати ҷангӣ мувофиқи ҷадвали ҷудогона танзим мешавад. Ҳамчунин бо эълони ҳолати ҷангӣ тартиби нави ҷамъоварии андоз ва боҷҳои гумрукӣ муайян карда мешавад.

Иншоот ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми эълони ҳолати ҷангӣ метавонанд барои таъмини мудофиаи кишвар истифода шаванд.

Дар лоиҳаи қонун барои иҷро накардани талаботи замони ҳолати ҷангӣ ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» дар маҷмӯъ аз 18 модда иборат аст.

Масъалаҳои марбут ба ҳолати ҷангӣ айни замон тибқи моддаи 5-и қонун “Дар бораи мудофиа”, ки моҳи ноябри соли 1995 қабул шудааст, танзим мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.