Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон санаи 29 май пурра - 100% ба иҷро расид, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ майор Ориф Нозимиён.

“Нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар бораи барзиёд иҷро шудани нақша ва дар идома шаҳри Душанбеву ноҳияҳои тобеи марказ аз иҷрои он хабар дода, вилоятҳои Суғду Хатлон иҷрои нақшаро дар як вақт ба сомон расониданд. Ба сурати умум дар ҳамаи минтақаҳо нақшаи даъват ду рӯз пеш аз муҳлат 100% иҷро карда шуд”, - хабар дод Нозимиён.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои тақсими наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, аксарият аллакай савганди ҳарбӣ ёд кардаанд ва давраи омӯзиширо паси сар карда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.