Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки ҳангоми интиқоли маҳбусон аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рӯзи 7 июл меъёрҳо риоя шуда буданд.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди барои кашонидани чанд нафар пешбинӣ шудани автомашинаҳо барои интиқоли маҳбусон чунин посух дода шуд:

“Ин 3-4 адад автомашина аст, ки махсус барои интиқоли чунин шумори маҳбусон истифода бурда мешавад. Такрор мекунам, мо қоидаҳои интиқоли зиндониёнро риоя кардем. Тӯли камтар аз 6 соати сафар 6 маротиба таваққуф сурат гирифт, то ки онҳо ба берун баромада, аз ҳавои тоза нафас гиранд, ба ҳоҷатхона раванд. Онҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин кардем”.

Бино ба гуфтаи вазир, Прокуратураи генералӣ айни замон ба дақиқан муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ин ҳодиса машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки далелҳои наздикони маҳбусони фавтида дар бораи ҷой доштани осори лату кӯб дар ҷасади онҳо низ аз ҷониби комиссия мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

“Мо ҳам натиҷаҳои ташхис ва хулосаи Прокуратураи генералиро интизорем”, - илова кард вазири адлияи ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, санаи 7 июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занон буданд, дар се автомашинаи махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.