Ин роҳ рӯзи 22 июл якҷониба аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон пас аз муноқиша бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда буд.

Баъди боз шудани роҳ ҳукуматдорони Тоҷикистон тахминан соатҳои дуи шаб нахуст шаҳрвандони ҷароҳаташон вазнинро аз Ворух ба Исфара фиристоданд.

Миёни онҳо Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд ва ду нафар шаҳрвандони қаторӣ, ки ҳангоми муноқиша дар сарҳад захмҳои вазнин гирифтанд, ҳузур доранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Исфара.

А.Шомирсаидов ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дошта, як маротиба дар Ворух ҷарроҳӣ шуд, лекин барои ӯ ҷарроҳии мушкилтар зарур аст, ки анҷоми он танҳо дар Исфара ё Хуҷанд имконпазир мебошад.

Қаблан ба ҳукуматдорони Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳатбардошта, нозири ШВКД шаҳри Исфара оид ба корҳои ноболиғон Фаррух Тошхӯҷаевро аз Ворух ба Исфара интиқол диҳанд.

Шоми рӯзи гузашта ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳи мошингарди Исфана - Ошро боз намуд.

“Роҳ пас аз гуфтушуниди ҳайатҳои ҳарду кишвар таҳти роҳбарии муовинони сарвазирон кушода шуд. Ҳаракат тариқи роҳи Исфана - Ош соати 23:00 барқарор шуд. Аз субҳи имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиё тариқи роҳи Исфара - Ворух дар қитъаи Оқсой низ барқарор шуда, нахуст сардори РВКД дар вилояти Суғд ба Ворух раҳсипор шуд”, - хабар медиҳад turmush.kg.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.