Тамринҳои навбатии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин аз 8 то 11 август дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, баргузор мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар тамринҳо як баталйони сарбозону афсарони воҳидҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як ротаи Артиши халқии озодихоҳи Чин иштирок мекунанд.

Низомиёни Чин рӯзи 7 август гузаргоҳи сарҳадии назоратии “Қулма-Қарасӯ”-ро дар марзи ду кишвар мегузаранд.

Низомиёни Тоҷикистону Чин дар тамринҳо амалҳои муштаракро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Чин мавриди таҷрибаву амал қарор медиҳанд.

Барои иштирок дар тамринҳо ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ низ сафарбар мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба ин монанд тамринҳои низомиёни ду кишвар моҳи октябри соли 2016 низ дар ВМКБ баргузор шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.