Дар қисмати шимолу шарқи Сурия тӯли ним сол тақрибан 2 000 нафар шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт шудаанд. Аз оғози соли равон 524 нафари онҳо, ки қариб ҳамаашон занону кӯдакон мебошанд, ба Қазоқистон, 156 нафар - ба Ӯзбекистон ва 84 нафар - ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, лекин шумори ҷангиёни террорист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия ва Афғонистон кам намешавад, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии СММ.

Дар гузориши нави Дабири кулли СММ дар бораи таҳдиди нави Давлати исломӣ барои амнияти байнулмилалӣ қайд мешавад, ки аз соли 2012 ҳудуди 1 500 нафар ҷангиён аз Тоҷикистон ва тақрибан ҳамин шумор шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.

“Кишварҳои минтақа аз зуҳури ҷангиён ва ҷонибдорони террористон, ки онҳоро ҷалб намуда, барои дар ватан монданашон фармоиш медиҳанд, нигаронанд. Соли 2019 дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсус дар минтақа 26 узви Давлати исломӣ боздошт шуданд, ки баъзе аз онҳо бозгаштагон аз минтақаи низоъ буданд”, - омадааст дар гузориши Дабири кулли СММ.

Гуфта мешавад, дар интернет бо забони мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маводи таблиғотӣ паҳн шуда, он ба ҷалбу кирои онҳо ва дар кишварҳои минтақа таъсис додани гурӯҳҳои Давлати исломӣ кумак мекунад.

Зикр мешавад, бисёре аз ҷангиён пеш ё баъди анҷоми амалиёти охирин ба мавҷи шахсони маҷбурӣ аз ин минтақа кӯчида ҳамроҳ шуда, дар урдӯгоҳу марказҳои нигаҳдорӣ дар шимолу шарқи Сурия қарор доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҷангиёни Давлати исломӣ бо шумули чанде аз фаромндеҳони олӣ дар минтақаҳое низ паноҳгоҳ ёфтаанд, ки задухӯрдҳо дар он ҷойҳо то ҳол идома дорад.

Дар гузориши Дабири кулли СММ таҳлилу баррасии хатарҳо дар ҳамаи минтақаҳои саросари ҷаҳон манзур шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.