Дар Душанбе аз ташрифи ҳайатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон интизорӣ доранд.

Аз 21 то 24 август дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии масъалаҳои тарҳрезии дурнамои фаъолияти муштарак ва рушди ҳамгиройии бисёрҷониба, ҳамчунин бунёд ва такмили низомҳои муштараки таъиноти низомӣ дар назар аст.

Зимнан зикр шуд, ки барои роҳбарони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ сайру тамошо (экскурсия) ба маҷмаааи “Кохи Наврӯз”, “Боғи Ирам” ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.