Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон ҳамёни рангаш сиёҳро дарёфт намуданд, ки ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааллуқ дошт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар дохили ҳамён маблағ, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкӣ мавҷуд буданд.

“Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран онҳоро ба воситаи сафорати ИМА дар Душанбе ба шаҳрванди номбурда дастрас намуданд”, -омадааст дар хабари ВКД.

Дар бораи чӣ гуна ва дар куҷо гум шудани ҳамёни шаҳрванди ИМА ва чӣ тавр дарёфт кардани он аз ҷониби кормандони милитсия маълумот дода намешавад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти сафорати ИМА тариқи номаи сипосмандӣ ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти назаррас ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро таъкид намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки худи шаҳрванди ИМА низ шахсан ба шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ занг зада, барои дарёфти ҳамён, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкии худ махсусан ба корманди ин шуъбача лейтенанти милитсия Умедҷон Саидов изҳорӣ сипос намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.