Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон шурӯъ аз 7-уми сентябр ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд. Ин тадбир ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ марбут аст.

Дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ва сарҳади давлатии Тоҷикистон тадбирҳои пурзӯри амниятӣ ба роҳ монда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ.

“Дастаҳои бо нерӯҳои иловагӣ ва техника пурзӯршудаи кормандони сохторҳои қудратӣ макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбону боғ ва биноҳои муҳимро мунтазам зери назорат хоҳанд дошт”, - қайд кард манбаъ.

Реҷаи пурзӯри адои хизмати кормандони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ то 13-уми сентябр идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 9-уми сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба муносибати ҷашни Истиқлолият ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун намоиши театришуда баргузор мешавад. Шоми 11-уми сентябр дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб консерти идона доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.