Рӯзи 18-уми сентябр дар соати 22:15 дақиқа Тоҷикистону Қирғизистон техникаи низомӣ ва ҳарбиёнро аз минтақаи низоъ – маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳаи Максати ноҳияи Лайлак берун бурданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи боэътимод аз сохторҳои қудратии вилоят хабар дод, “айни замон дар ин қитъаи сарҳад вазъият амну ором буда, ҳама бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад”.

“Сарҳад барои равуо аз ҳар ду ҷониб боз аст”, - гуфт манбаъ.

Ҳамзамон дар қитъаи дигари наздимарзӣ дар Исфара аллакай ду рӯз инҷониб музокирот бо иштироки намояндагони мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон, ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Ботканд ва дигар сохторҳои марбута идома дорад.

Онҳо масъалаи мавқуф гузоштани сохтмони постгоҳи назоратиро аз ҷониби Қирғизистон дар қитъаи баҳсӣ баррасӣ доранд.

Маҳз дар ҳамин мавзеъ Қирғизистон постгоҳи назоратӣ (КПП) сохтанист
Asia-Plus/Бойгонӣ

Як манбаи боэътимод аз ҷамоати Чоркӯҳ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Қирғизистон ба сохтмони постгоҳи назоратӣ дар қаламрави ба истилоҳ “Дача” дар роҳи мошингарди Исфара-Ворух, ки дар он ҷо қаблан бинои чойхонаи хоҷагии Чоркӯҳ воқеъ буд, идома медиҳад.

“Минбаъд онҳо ният доранд, ки роҳи мошингард аз Исфара ба ҷамоати Ворухро зери назорат гиранд. Постгоҳи назоратӣ дар қитъаи Хоҷаи Аъло – Ворух сохта мешавад. Бунёди постгоҳи назоратӣ хилофи қарордодҳои ҳосилшуда мебошад. Ин қитъаи роҳ баҳсӣ буда, сохтмони ҳама гуна иншоот дар он манъ аст”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, ки айни замон гуфтушунидҳо идома доранд.

Ёдовар мешавем, қаблан муовини якуми намояндаи ваколатдори ҳукумат дар Ботканд Кенеш Солеҳов изҳор дошт, ки Қирғизистон дар ин масъала ба вайрон кардани қарордодҳои дучониба роҳ надодааст.

“Корҳои мумфаршкунии қитъаи роҳи Оқсой-Тамдиқ идома доранд. Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ин корҳо ғайриқонунианд, аммо онҳо дар қаламрави Қирғизистон ҷараён доранд. Ба ҷуз ин, Қирғизистон дар қитъаи “Дача” постгоҳи назоратӣ месозад. Аз рӯйи ин масъала мактуби дахлдор равона шудааст”, - гуфтаҳои Салеҳовро 16-уми сентябр овардааст хабаргузории Turmush.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.