Дар доираи машварати котибони Шӯроҳои амнияти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Виктор Маҳмудов ва Маҳмадалӣ Ватанзода тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабаргузории “УзА” иттилоъ медиҳад, ки зимни машварат масоили такмили механизмҳои амалии ҳамкориҳо дар самти муқовимати муштарак ба тахрибкорӣ ва ифротгароӣ, таъмини бехатарӣ дар сарҳад ва ҳимоя аз манфиатҳои иқтисодӣ дар марзҳои муштараки давлатӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои мутақобила изҳори омодагӣ карданд.

Дар мулоқот ташаббус ва тавсияҳо оид ба такмили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши таъмини амният баррасӣ ва аҳамияти нигаҳдории ҷараёни пурмаҳсули муносибатҳои дуҷониба, такони тоза бахшидан ба он аз ҳисоби имконоти назарраси истифоданашуда таъкид гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои машварат ба ғайр аз Тафоҳумномаи ҳамкории Шӯроҳои амният, инчунин санади тадбирҳои мушаххас чиҳати рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши бехатарӣ  ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.