Ҳангоми ба замин партофтани техникаи ҳарбии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ аз ҳавопаймои Ил-76 дар тамринҳои низомии “Марказ-2019” дутои онҳо осеб диданд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи 20-уми сентябр рух дод. Дар майдони фурудоӣ ба замини вилояти Оренбург чатр (парашют)-и боз нашудааст.

“Дар натиҷаи ин ноқисии чатрҳо ҳангоми ба замин бархӯрдан мошинҳо осеб диданд”, - гуфтаанд дар вазорат.

Зикр шудааст, ки “ба замин партофтани техника бе ҳайат (экипаж)-и онҳо анҷом дода шудааст”. Дар натиҷа аз ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Комиссияи ҳайати фармондеҳии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ айни замон дар ҳамдастӣ бо намояндагони бахши саноат сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Тамринҳои низомии ҳайати фармондеҳӣ ва ситоди “Марказ-2019” (Центр-2019) аз 16 то 21 сентябр доир гардиданд. Дар он наздики 128 ҳазор низомиён аз 8 кишвар - Русия, Чин, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок карда, ба машқҳо беш аз 20 ҳазор техникаи ҳарбӣ ва наздики 600 дастгоҳи парвозкунанда сафарбар шуданд.

Тоҷикистонро халабонҳои ҳарбӣ, сарбозону афсарони нерӯҳои хушкигард ва зудамал - ба сурати умум ҳудуди се взводи Вазорати мудофиаи кишвар намояндагӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.