Рӯзҳои 24-25 сентябри соли 2019 дар қаламрави вилояти Боткенти Қирғизистон бори аввал идораҳои наҷоти Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон машқи муштараки байналмилалии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадӣ дар мавзӯи “Ҳамкории мақомоти идоравӣ, нерӯҳо ва воситаҳои се кишвар ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар қаламрави вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон” гузарониданд.

Бинои ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, барои ширкат дар ин чорабинӣ қувваҳо ва воситаҳои наҷоти воҳидҳои КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Ӯзбекистон ҷалб шуда буданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин тамринҳо муовини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода сарварӣ мекард.

Сурат: маркази матбуоти КҲФ ҶТ

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Ӯзбекистон дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин протоколи ҳамкориҳо миёни КҲФ-и кишварҳо, ки моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд, роҳандозӣ шуд.

Дар тамринҳо воҳидҳои наҷоти се кишвар амалҳо ҳангоми таҳдид ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадиро машқ карданд, ҳамчунин як силсила чорабиниҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар доираи механизмҳои ҳамоҳангсозии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро низ роҳандозӣ намуданд.

Сурат: маркази матбуоти КҲФ ҶТ

Зимнан зикр мегардад, ки барои ширкати фаъолона дар ин чорабинӣ 13 нафар кормандони Кумита бо медалҳои ВҲФ Ҷумҳурии Қирғизистон ва нишонҳои хотиравии ВҲФ Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.