Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки хатари амнияти сарҳади давлатӣ аз ҷониби Афғонистон тақвият меёбад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 16-уми октябр "Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои мутахассисони мақомоти сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳади берунаи давлатҳои иштирокчии ИДМ"-ро тасдиқ кард.

Зимни шарҳи санад ба вакилон муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён қайд кард, ки таҳдидҳо ба ҳифзи сарҳад рӯз то рӯз пурзӯр мешавад.

Бба гуфтаи ӯ, таҳлил ва баҳогузории вазъ нишон медиҳад, ки эҳтимоли рахнаи марз аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ, террористиву ифротгаро ва қочоқчиёни силоҳбадаст, инчунин задухӯрди мунтазами мусаллаҳонаи сарҳадбонон бо ин гурӯҳҳо ҷой дорад.

Вай афзуд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хати тӯлонии сарҳад бо Тоҷикистон ҳифз карда намешавад.

Аз рӯйи маълумоти дарёфтӣ, гуфт Шоҳиён, гурӯҳҳои террористӣ ба омӯзиши дараҷаи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба якдигар ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ кумак мерасонанд.

Зикр шуд, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байнулмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз қувваю воситаҳои муосир самаранок истифода мекунанд. Ӯ зарурати роҳандозии талошҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ-ро барои пешгирии саривақти  фаъолияти тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳо ва таъмини амнияти минтақа таъкид кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.