Эмомалӣ Раҳмон 17-уми октябр дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бинои ситодро пас аз навсозӣ ба истифода дода, бо шароити сарбозон шинос шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, утоқҳои барҳаво барои кору фаъолияти ҳайати шахсӣ дорад. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Президенти мамлакат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти сехҳои истеҳсолӣ шинос шуда, бо сарбозон суҳбат кард.

Сипас раисҷумҳур фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникиро оғоз бахшида, ба 23 оилаи муҳофизони марзи кишвар калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим кард.

1/16

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.