Рӯзи 31-уми октябр шаҳри Душанбе аз иҷрои бармаҳали нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳисобот дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт аллакай панҷ сол инҷониб нақшаи даъватро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонанд.

Вай афзуд, ки иҷрои пеш аз муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ гувоҳи он аст, ки “тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқ ба амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат ба роҳ монда шудааст”.

Таъкид шуд, ки ба рӯзи 31-уми октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 80% иҷро шудааст: ВМКБ – 110%; вилояти Суғд – 80%; Хатлон – 65% ва навоҳии тобеи марказ – 70%.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.