Дар шаҳри Тошканд ӯ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои ИДМ масъалаи таъсири вазъи ҳарбиву сиёсии шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов имрӯз дар шаҳри Тошканд дар кори ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад.

ВАО бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти федералии амнияти Русия хабар медиҳанд, ки ҷаласа ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бахшида шудаааст.

Дар он андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати муқовимат ба кӯшишҳои ҷалби ҷангиён ва пешгирии вуруди тахрибкорон ба кишварҳои ИДМ, ҳамчунин таҳияи тарзҳои мубориза бо ҳолатҳои барангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ дар назар аст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар доираҳои ҳукуматӣ хабар дод, ки эҳтимол вохӯрии ҷудогонаи раиси КДАМ Тоҷикистон бо раҳбарияти Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон низ баргузор мешавад. Зимнан баррасии масоили ҳамкории хадамоти махсуси ду ҳамсоякишвар дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳо аз Афғонистон дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.