Рӯзи якшанбе, 10-уми ноябр дар дидбонгоҳи назоратии “Дӯстӣ”-и марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, воқеъ дар наздикии шаҳри Турсунзода вохӯрии фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду ҳамсоякишвар доир шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд.

Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро ҷиҳати посбонии марзҳои муштараки давлатӣ баррасӣ карданд.

Ба масоили мубориза бо гардиши ғайриқонунии аслиҳа, терроризм ва ифротгароӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, огоҳкунӣ, ошкорсозӣ ва пешгирии далелҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.