Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ронандагон хотиррасон мекунад бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳистонии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар натиҷаи поин рафтани дамои ҳаво эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Дар робита бо тағйири обу ҳаво, ки пештар ҳам хабар дода шуд, Кумита бо мақсади бехатарӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошини худро ҷиддан аз назар гузаронанд. Инчунин кумита чанд тасияи дигарро ба ронандагон пешниҳод мекунад, аз ҷумла: 

- Ронандагон чархҳои тобистонаи автомашинаи худро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

- Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

 - ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;

- ҳаракат бо мошин дар шабонгаҳон ва дар ҳоли тирагии ҳаворо маҳдуд созед;

Бо риояи ин чанд тавсия шумо метавонед  ҷони худ ва ҳамсафарони худро аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ ҳифз кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.