Як намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар нишасте бахшида ба вазъи оилаҳо рӯзи 26-уми ноябр дар Душанбе баъзе ҷузъиёти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ошкор кард. Қаблан танҳо як изҳороти КДАМ дар ин бора нашр шуда, мақомоти ин ниҳод аз шарҳи бештари воқеа худдорӣ мекарданд.

Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳангоми суханронӣ дар мавзӯи "Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ" гуфт, дар ҳодисаи 6-уми ноябр "9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғи аз чаҳор то понздаҳсола иштирок кардаанд".

Ӯ нагуфт, ки ноболиғон дар ин ҳамла чӣ масъулият доштаанд. Ин иттилоъ бо изҳороти аввали мақомот, ки гуфтанд, ҳамлаварон бист нафар буданд, низ тафовут (фарқ) дорад.

"Духтар сатр надошт ва дар дарсҳо фаъол буд"

Радиои Озодӣ иттилое ба даст овардааст, ки ду нафар аз иштирокдорони ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" наврасони 14 ва 15-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд будаанд.

Номи онҳо ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо бо назардошти усули эҳтимоли бегуноҳӣ аз онҳо ном намебарем. Яке аз муаллимон рӯзи 26-уми ноябр аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт: "Инҳо бародару хоҳар буданд ва дар синфи 7 ва 8 мехонданд".

"Ягон зарра рафтору гуфтори шубҳаовар надоштанд. Духтар хеле бомаънӣ буд, дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошт. Аз мо пурсиданд, ки духтар сатр дошт ё қарсча (рӯймолча) мебаст ё не? Духтар сарлуч буд. Талаботи либоси мактабиро сад дарсад риоя мекард. Дар дарсҳо ширкат мекард ва бе сабаб "ғоиб" ҳам надошт", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Муаллим гуфт, бародару хоҳар бо ҳамсабақон робитаи хуб доштаанд. Ба иттилои мусоҳиби мо, "ин хоҳару бародар аз моҳи сентябри соли 2018 ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчидаанд".

"Онҳо то 21-уми октябри имсол ба мактаб меомаданд ва аз ин сана бе ягон огоҳӣ якбора ғайб заданд. Танҳо духтар ба дугонааш гуфтааст, ки бибиашон дар Истаравшан бемор шудааст ва онҳо ба хабаргирӣ мераванд", - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

 

Муҳаммад Саидов / акс аз Радиои Озодӣ

 

Дар "Ишқобод" чӣ гузашт?

Дар ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.

Суғд - Душанбе - Рӯдакӣ?

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасти рӯзи сешанбе гуфт: "Ин афрод фаъолияти худро дар Суғд ба роҳ монда, як моҳ дар хонае дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ зистаанд. Раиси маҳалла онҳоро дид, нозири минтақавӣ дид, вале бетаваҷҷуҳӣ кардаанд".

Муҳаммад Саидов гуфт: "Дар ҳодисае, ки сурат гирифт, ҳарчанд хунукназарии мақомоти амният бошад ҳам, аз тарафи дигар сохторҳои маҳалла ва деҳаву оила бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кардаанд".

Вай афзуд, бисёриҳо сабаби ифротишавии сокинонро камбизоатӣ унвон мекунанд, "вале ҳодиса нишон дод, ки оилаҳо шароити хуби зиндагӣ доранд." Ба қавли намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, тафтиши гуруҳ нишон додааст, ки дороии роҳбари гуруҳи ҳамлаварон Ғафуров Шуҳрат Аъзамович беш аз 1 миллион сомонӣ будааст. Тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Бо гузашти бист рӯз аз ҳодиса мақомот тафсилоти ҳодисаро дар ихтиёри хабарнигорону ҷомеа нагузоштаанд. Хабарҳо дар бораи ҳодиса аз манобеи гуногун пароканда ба даст меояд ва фарзияҳое матраҳ мешаванд, ки хабари расмиро зери суол мегузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.