Гурӯҳи воситаҳои муборизаи радиоэлектронии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бори нахуст бо комплески муосири халали радиоии “Поле-21” муҷаҳҳаз мешавад.
Тавре сомонаи расмии Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, то охири соли равон тариқи ҳавопаймоҳои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ ин дастгоҳи махсус ба фурудгоҳи Ҳисор интиқол дода мешавад.
Комплекси “Поле-21” барои ҳимояи иншооти муҳими стратегӣ аз мушакҳо, дрон ва бомбаҳои авиатсионии идорашаванда тавассути фурӯнишонии радиоии дастгоҳ, ки аз сигналҳои шабакаи моҳвораҳои глобалӣ ва низомҳои радионавигатсионӣ истифода мекунад, пешбинӣ шудааст.
Истифодаи “Поле-21” ҳамроҳи дигар воситаҳои мавҷудаи муқовимати радиоэлектронии «Житель», «Силок» ва «Лесочек» ҳимояи пойгоҳро аз ҳуҷуми дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, воситаҳои радиотехникӣ ва радиоэлектронии иктишофӣ, ҳамчунин ҳадафгирии аслиҳаи саҳеҳиаш баланд ба таври назаррас тақвият медиҳад.
Ин дастгоҳи муосир ба гузоштани садҳо нуқтаи халали радиоӣ имкон фароҳам месозад. Низоми автоматии комплекс ба шароити гуногуни иқлим мутобиқ буда, ба кор дар ҳарорати аз 40 дараҷа сард то 50 дараҷа гарм омода аст.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз қаламраваш дониста мешавад. Он дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Мутобиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муайян гардидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста