Дар соли нави таълим, ки аз 1-уми декабр шурӯъ шуд, сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қариб дар 100 тамрин иштирок мекунанд.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе муовини фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-майор Евгений Поплавский хабар додааст.

“Дар назар аст, ки низомиёни русиягӣ қариб ба 100 размоиши миқёси гуногун сафарбар мешаванд. Масалан, беш аз 70 тамрин дар маҳал бо тирпарронии ҷангӣ, зиёда аз 5 машқ бо гурӯҳи авиатсионӣ ва ҳамчунин машқҳои якчанд амалиёти байнулмилалӣ бо иштироки низомиёни тоҷикистонӣ баргузор мешавад”, - гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз 1-уми декабр дар машқгоҳи Лоҳур машғулиятҳои нахустини дастаҳои хизматчиёни низоми дифои мушакии С-300, ки охири моҳи октябр ба ихтиёри низомиёни Русия дар Тоҷикистон дода шуданд, оғоз гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.