Сардори cитоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода рӯзи 12-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, дар ин ҷо ӯ имрӯз, 13-уми декабр дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.
Дар ҳошияи иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ Собирзода бо як зумра ҳамтоёни худ дар СААД вохӯриҳои корӣ мегузаронад.
Ҷаласа таҳти раёсати сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар генерали артиш Валерий Герасимов доир мегардад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҷаласа сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон, муовини аввали сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД ширкат меварзанд.
Дар ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар соҳаи ҳарбӣ, ки аз ҷониби Русия дар давраи раёсати ин созмон дар соли 2020 пешниҳод шудааст ва таҳияи тадбирҳо оид ба амалисозии онҳо, таҳлили таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои СААД ва дигар масъалаҳо дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста