Як миқдор метадон, ки аз ҷониби гумрукчиёни Русия дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ошкор ва боздошт шуд, барои муолиҷаи нашъамандон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида, ин мавод дар доираи кумаки Фонди глобалии мубориза бо ВНМО (СПИД) харидорӣ шудааст. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти маводи нашъаовар (наркологӣ)-и Вазорати тандурустии кишвар Рустам Шарипов рӯзи сешанбе ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

“Фармоишгари метадон Фонди глобалии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон мебошад”, - хабар додааст Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, мактуб бо дархости харидории мавод аз ҷониби Фонди глобалӣ таҳия шуда, масъулияти то ба Тоҷикистон расонидани бор низ ба дӯши онҳо вогузор аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз созмони байнулмилалӣ хабар дод, ки “дар ин кор фиристандаи бор ва ширкати нақлиётӣ, ки борро интиқол медиҳад, масъуланд”. Ӯ қайд кард, ки мувофиқи шартнома, бор бояд ба Тоҷикистон расонида шавад ва танҳо баъд аз он ташкилоти фармоишгар ҷавобгӯйи он мешавад.

Як миқдор метадон, ки тариқи транзит аз Олмон ба Тоҷикистон фиристода шудааст, аввали моҳи декабр дар Внуково аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии гумруки Русия боздошт гардид. Гуфта мешавад, ки ба ин бор пешакӣ эъломия пешниҳод нашуда, он дар анбори нигаҳдории муваққатии борҳо ошкор шудааст. Хадамоти гумруки фурудгоҳи Внуково мутобиқи моддаи қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Метадони боздоштшуда
Сурат: Хадамоти федералии гумруки ФР

Хадамоти гумрук қайд мекунад, ки дар навиштаҷоти шишаҳо маълумоти бардурӯғ дарҷ ёфта буд. Мувофиқи он, 1 мл. моеъи 5 мг метадони гидрохлорид доштааст. Тибқи хулосаи мутахассисон, таркиби метадон дар ин моеъҳо беш аз 50% аст, яъне 1 мл. моеъ дарвоқеъ беш аз 500 мг метадон дорад.

Арзиши 1 грамми ин мавод дар “бозори сиёҳ” аз 4 то 5 ҳазор рубл ва ҳамин тариқ, арзиши умумии ин миқдор мавод аз 5,8 млрд. то 6 млрд. рублро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.