Дафтари барномаҳои САҲА лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи ҳифзи сарҳадоти сабз ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро оғоз мекунад.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лоиҳаи “Мустаҳкам намудани минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”-ро ба маблағи 3,3 миллион евро, ки дар доираи Воситаи (Санади) сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз намуд.

Ҳадафи лоиҳаи 18-моҳа таҳкими зарфияти касбии хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон бо мақсади мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа инчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ) дар эътино намудан ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.

Баҳрабардорон аз КҲФ ва МГ ва Хадамоти сарҳадӣ мавриди омӯзиши амалӣ оид ба банақшагирии амалиёт ва дастгирии амалиёти саҳроӣ қарор мегиранд. Лоиҳа малакаҳои кормандони хадамоти сарҳадии ҳар ду кишварро, ки барои эътино намудан ба ҳодисаҳо дар соҳаи амният ва ҳифзи сарҳадот заруранд, тақвият мебахшад.

Илова бар ин, бинои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Халқаёр ва Лангар қисман тармим карда мешаванд ва маркази таълимии КҲФ ва МГ дар Саратоқ пурра тармиму таҷдид карда шуда, ба истифода дода мешавад. Лоиҳа ба таҳкими субот ва амнияти сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.