Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, ки дар шаҳри Тошканд қарор дорад, имрӯз, 7-уми январ Протокол дар бораи таъйин ва аломатгузории ниҳоии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба имзо мерасонад.

Аз ҷониби Ӯзбекистон ин санадро муовини сарвазири ин кишвар Элёр Ғаниев имзо мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Дар Протокол розигии комили ҷонибҳо оид ба хатти саҳеҳи гузариши сарҳади давлатии ду кишвар тасдиқ мешавад.

Корҳои таъйин ва аломатгузории пурраи сарҳади давлатӣ байни ду кишвар соли гузашта ба поён расида буд.

Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши сарҳад созиш ҳосил карданд. Акнун дар натиҷаи аломатгузории сарҳади давлатӣ дар харитаҳо хатти дақиқи марзҳои муштараки ду кишвар ишора карда мешавад.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки 10-уми январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла, нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расиданд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон маҳсуб мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматрасонии техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти мушатараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.