Сокинони деҳоти наздимарзии Исфара мегӯянд, яке аз иғвогарони асосӣ сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯк-Тош”-и Қирғизистон Мирбек Султонбеков мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар доданд.
“Муноқишаи шаби 9 ба 10 январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон иғвогарии аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳандозишуда ва сеюмин дар соли нав аст, - қайд мекунад хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Исфара. - Субҳи 8-уми январ сокинони маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Ботканд хонаи дар боғаш даҳсолаҳо қабл бунёдкардаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ задаанд, ки дар натиҷа бино фурӯ рафта, умуман корношоям гаштааст”.
Соати 21.20 дақиқаи 9-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон бесабаб мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ҷамоати Чоркӯҳ Зафар Аъзамовро сангборон карда, шишаҳои онро шикастанд.
Шаби 9 ба 10 январ тақрибан соати 02.00 дар марз тирпарронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников сурат пазируфт.
Тавре дар хадамоти матбуот қайд карданд, тирпарронии бетартибона тахминан соати 02.30 пас аз дахолати намояндагони ВКД ва хадамоти сарҳадбонии ҳар ду ҷониб хотима ёфт. Миёни шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмишудагон ба қайд гирифта нашудааст.
Шаҳрдории Исфара таъкид мекунад, ки ин 3 воқеаи нохуши дар даҳрӯзаи аввали соли равон рухдода идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишахоҳонаи сокинон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2019 аст.
Давоми соли 2019 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон 14 маротиба муноқишаю тирпарронӣ рух додаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта, зиёда аз 60 нафар маҷруҳ шудаанд.
Бар асари ҳодисаи 29-уми декабр дар марз рухдода аз тири силоҳи шикории шаҳрвандони Қирғизистон ҷавонзани 24-солаи тоҷик Тайиба Сафарова захмӣ шуд, ки аз хона барои обгирӣ баромада буд. Ӯ то ҳол зери назорати табибон қарор дорад.
“Сокинони деҳоти наздимарзии ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух дар тарҳрезӣ ва роҳандозии рухдоди ин ҳодисаҳои иғвогаронаю моҷароангез беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла, сардори дидбонгоҳи «Кок-Тош» Мирбек Султанбековро сабабгору гунаҳкор меҳисобанд”, - таъкид доштанд дар шаҳрдории Исфара.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон дар барангехтани муноқишаи ахир шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста