27-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад.

Беш аз 7 ҳазор нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар рӯзи 23 феврал дар гузашти низомӣ иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, маросими сафороии ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамчунин ба муносибати солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар тамоми шаҳру навоҳӣ чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар боғҳои пойтахт бо иштироки дастаҳои эҷодии Вазорати мудофиа консертҳо барпо мешаванд.

Рӯзи 23 феврал дар тамоми ҷузъу том, қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо сафороии тантанавӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд.

23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.