Ҳафтаи равон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ таҳти роҳбарии сардори факултаи авиатсионии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Восиф Саломатшозода аз Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон боздид карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ин сафари ҷавобӣ буда, охири соли гузашта ҳайати Академияи ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Душанбе бо ҷараёни омодасозии кадрҳои афсарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шинос шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон бо имконоти муҳайёшуда барои таҳсили курсантҳо дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон аз наздик ошно гардиданд.

“Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ӯзбекистон ба ҳамтоёни тоҷики мо таассуроти фаромӯшнопазир гузошта, онҳо ҷараёни омодасозиии босуръати халабонҳои ояндаи ӯзбекро пеш аз парвоз муафассал омӯхтанд”, - таъкид дошт Нозимиён.

Дар вохӯриҳо бо раҳбарияти омӯзишгоҳ масоили табодули таҷриба, ҳамчунин имкони тайёр кардани халабонҳои ояндаи тоҷик дар ин муассисаи таълимии ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.