Дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, ҳукумат барои пешгирии вуруд ва паҳншавии он дар ҷумҳурӣ тадбирҳо меандешад.

Тоҷикистон қаблан роҳи ҳавоиро бо Чину Эрон баст. Дар ин кишварҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ошкор шуданд. Иртиботи ҳавоӣ бо Афғонистон алҳол қатъ нашудааст.

“Дирӯз ҳавопаймо аз Кобул ба Душанбе омада, сипас ба пойтахти Афғонистон баргашт”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

Дар фурудгоҳ қайд карданд, ки алҳол дар бораи қатъи парвозҳо дар хатсайри мазкур, ки дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешавад, сухан намеравад.

Ҳама ба карантин гирифта мешаванд

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, бо дастури онҳо шаҳрвандоне, ки аз Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Эрон тариқи кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон меоянд, ба карантини ҳатмӣ гирифта мешаванд.

“Муҳим нест, ки онҳо бо кадом хатсайр ва аз кадом кишварҳо меоянд, ба хотири таъмини бехатарӣ ҳамаи онҳо муддати 14 рӯз дар карантин қарор хоҳанд дошт”, - қайд карданд дар Вазорат.

То 27-уми феврал шумори беморони коронавируси Covid-19 дар Кореяи Ҷанубӣ то 1595 нафар расид. Аз 1-уми март Русия иртиботро бо ин кишвар қатъ мекунад.

Дар Тоҷикистон айни замон 197 нафар дар карантин боқӣ мондаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ба ҳолати 24-уми феврал 1148 нафар шахсоне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омада буданд, дар карантин қарор доштанд.

Аз ин шумор то дирӯз 955 нафар, аз ҷумла, касони рӯзи 11-уми феврал аз маркази хуруҷи корнавирус – шаҳри Ухан омада низ ҷавоб дода шуданд.

Имрӯз ба ҷуз Антарктида, вируси нав дар тамоми қораҳои сайёра, ҳамагӣ дар 48 кишвар ба қайд гирифта шуд. Давоми як шабонарӯз коронавирус боз дар 11 кишвар ошкор шуд.

Тавре Reuters менависад, аввалин ҳолатҳои бемории коронавирус дар Бразилия, Покистон, Шветсия, Норвегия, Юнон, Руминия, Алҷазоир, Македонияи Шимолӣ, Гурҷистон, Дания ва Эстония тасдиқ шудааст. Шумори умумии беморони коронавируси COVID-19 дар саросари дунё 82164 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози паҳншавии он беш аз 2800 нафар фавтида, 29 998 кас муолиҷа ва солим шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.