Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов рӯзи 14-уми март бо сафари якрӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар доираи ин сафар Қурбонов аз машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”, ки дар он ҷо тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷараён доранд, боздид мекунад.

Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба иштирокдорони фаъоли тамринҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ тақдим хоҳанд кард.

Зимни мулоқоти дуҷонибаи Баҳодур Қурбонов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ баррасӣ мешаванд.

Дар тамринҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амалиёти муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.