Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус ҷойҳои ҷамъиятиро бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар вилояти Хатлон кормандони КҲФ бинои прокуратура, суд, милитсия, майдонҳо, поркҳо ва қаламрави наздик ба онҳоро дар шаҳри Бохтар аз нигоҳи беҳдоштӣ тозову пок карданд. Ҳамчунин қаламрави як қатор қисмҳои ҳарбии наздикии шаҳри Бохтар низ поккорӣ шуданд.

“Шабонарӯзи гузашта гурӯҳҳои зудамали Кумита дар қаламрави шаҳри Душанбе бо ёрии техникаи махсуси Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ корҳои дезинфексионӣ гузарониданд ва барои ин корҳо 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода гардид”, - омадааст дар хабари Кумита.

Ҳангоми роҳандозии корҳои беҳдоштӣ мутахассисони Кумита бо сокинони кишвар дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, чӣ бояд кард, то худро аз сироят ба ин вируси хатаровар дур нигоҳ дошт, дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ ба аҳолӣ варақаҳову китобчаҳо пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар ҷойҳои серодам ин варақаҳо барои истифодаи умум часпонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.