Барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус дар тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаи байни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак назорати ҳамаҷониба ҷорӣ шуда, убури ғайриқонунии он аз ҷониби шаҳрвандони ҳамсоякишвар ғайриимкон аст.
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сарҳад байни кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз нимаи моҳи апрел баста шуда, назораи сарҳадӣ пурзӯр карда шуд.
“Асосан қаламрави ду ҷамоати ноҳия - Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо Қирғизистон ҳамсарҳаданд. Дар 17 гузаргоҳи мавҷуда ба хотири пешгирии равуои ғайриқонунии нақлиёт ва шаҳрвандон хандақҳо кофта шуда, аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва сарҳадбонон постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шуданд. Мо тамоми роҳҳои имконпазири убурро аз ду самт - Конибодом ва аз тарафи худ бастем”, - иброз дошт Зариф Назирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, қад-қади шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом, ки хати шартии сарҳад байни маҳаллаҳои аҳолинишини ду кишвар шуморида мешавад, шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳои Қирғизистон ҷойгиранд.
Зикр шуд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавирус тадбирҳои муассир андешида шуда, дар ҳама ҷо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ гузошта шудаанд, ки ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардидаанд.
“Сарҳад пурра баста буда, ғайриқонунӣ гузаштани он аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қариб ғайриимкон аст”, - афзуд раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста