Дар шаҳри Конибодом бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 ноябр маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” доир гардид. Дидбонгоҳи "Санҷидзор" дар марз бо ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дидбонгоҳи сарҳадии «Санҷидзор» аз бинои асосӣ, анборҳо, ҷойи нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, буғхона, ҳаммом, ошхона, майдончаи сафороӣ, майдончаи варзишӣ, манора ва хонаи афсарон иборат буда, дар он барои сарбозон ва афсарон шароити зарурии маишӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст.
Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ соли 2017 оғоз гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мубин» ва ҶДММ «Аъзам-Ю» сохта шудааст.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бинои асосии дидбонгоҳ ва ҳуҷраҳои кории он ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят барои хизмату буду боши афсарону сарбозон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки марзбонони вилоят ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ тамоми қувва, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар намуда, бо истифода аз шароити фароҳамгардида содиқонаву сарбаландона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста