Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки навбатии ҳарбӣ техникӣ мегирад. Созишномаи дахлдор баъди имзои он ҷиҳати тасдиқ ба парлумонҳои ҳар ду кишвар фиристода мешавад.
То ба Тоҷикистон расонидани кумакро тариқи роҳи оҳан Қазоқистон ба уҳда мегирад. Мақомоти ваколатдор оид ба амалисозии бандҳои дар санад зикршуда Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо мебошанд.
Дар доираи Созишномаи 16 декабри соли 1999 баимзорасида байни ҳукумати кишварҳо доир ба ҳамкорӣ дар бахши низомӣ Тоҷикистон мунтазам аз Қазоқистон кумаки ройгони ҳарбӣ-техникӣ мегирад. Ин кумакҳо соли 2018 ва соли 2019 низ расонида шуданд.
Охирин чунин кумаки расонидашуда аз муҳимоти ҷангӣ, таҷҳизоти муҳандисӣ ва тиббӣ, инчунин воситаҳои алоқа иборат буд.
Дар рейтинги навшудаи ҷаҳонӣ оид ба иқтидори ҳарбӣ (2021 Military Strength Ranking) байни 138 кишвари дунё Қазоқистон зинаи 62-юмро касб намуда, буҷети мудофиавии он 4 млрд доллар арзёбӣ шуд.
Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон бо ҳайати 9-ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ зинаи 99-умро ишғол кард. Зикр шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон чархбол, танк, мошини зиреҳпӯш, тӯпи вазнини кӯтоҳмил (гаубитса) ва проектори мушакӣ дар ихтиёр доранд.
Ҳамчунин қайд шуд, ки соли гузашта Тоҷикистон ба соҳаи мудофиа 79 млн доллар равона кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста