“Ба тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ ҳоло зарурат нест”, - изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода.

Ӯ таъкид намуд, ки барои татбиқ кардани пешниҳоди Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумат бобати тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ маблағи зиёд лозим аст.

Ғайр аз ин, қайд кард вазир, ба баъзе қонунҳо низ тағйироту илова ворид намудан лозим меояд.

“Шояд замоне фаро расад, ки рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ номгузорӣ шаванд, лекин ҳоло не”, - зикр кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран тарҳи баробарӣ ё гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои мусаллаҳро ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии 17 феврал мудири шуъбаи истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён хабар дод.

Зулфониён гуфт, дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд: 

«ефрейтор - радабон, младший сержант - даставар, сержант - дастаёр, старший сержант - дастабон, старшина - сардаста, прапорщик – силаҳбон,  лейтенант -  таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд,  подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор».

Бояд гуфт, ки ду сол пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке  ташкил шуд. Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин Коргурӯҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод карда буд, ки баҳсҳои доғеро ба бор овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.