Тоҷикистон моҳи март воксини AstraZenecaро ворид мекунад, ки он аз сӯйи ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ таъйид шудааст. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, «Тоҷикистон воксини коронавирусро тасдиқ кард ва ҳоло мунтазири ворид кардани он аст.Чунки масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби мо итмом ёфт ва мо ҳуҷҷатҳои зуруриро аз давлати истеҳсолкунанда барои иҷозатдиҳӣ интизорем, яъне шартномаро мо имзо карда фиристодем», - гуфт Ҷаъфаров.
Ӯ гуфт, ҳоло эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шуда, дар аввал гуруҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзбонӣ шомиланд, воксиназанӣ мешаванд.. Ва ба гуфтаи номбурда, «ҳоло рӯйхати ин афрод тартиб дода мешавад. Ва баъдан шахсони аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд».
Чаъфаров инчунин илова кард, ки истеҳсолкунандаи воксини AstraZeneca Бритониёи Кабир аст. Ва Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди воксин 8 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.
Қаблан 26 феврал вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки беш аз 6,7 миллион сокинони кишвар дар баробари коронавирус воксин зада мешаванд. 5,8 миллион нафар бо воксини русии "Спутник V» ва 1,8 миллион нафар тибқи барномаи COVAX.
Вазири тандурустӣ таъкид карда буд, ки дар айни замон мақомоти давлатӣ бо Русия дар мавриди дарёфти воксини «Спутник V» гуфтушунид мекунанд, аммо воксини ширкати AstraZeneca ба миқдори 732 ҳазор доза ройгон охири моҳи феврал ба Тоҷикистон ворид карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин масъалаи воридоти ройгони воксини чинӣ дар суҳбати телефонии имрӯзи Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин баррасӣ шудааст. Вале ҳоло маълум нест, ки воксини давлати Чин ба Тоҷикистон кай ворид мешавад.
Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми феврал Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ дар сомонаи расмии худ иттилоъ дода буд, ки воксини коронавируси ширкати дорусозии Бритониё ва Шветсия "AstraZeneca"-ро барои истифода тасдиқ кард.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки ин дуввумин воксин пас аз воксини Pfizer аст, ки аз ҷониби ин созмон расман тасдиқ карда шудааст. СҶТ гуфтааст, ки воксин метавонад барои ҳамаи гурӯҳҳои синни аз 18-сола боло истифода шавад. Пештар баъзе кишварҳо онро барои пиронсолон тавсия намедоданд, менависад РБК.
"AstraZeneca" дар маъракаи эмгузаронӣ дар Британияи Кабир истифода мешавад ва барои истифода дар Кореяи Ҷанубӣ низ тасдиқ шудааст. Рӯзи 29 январ ин воксин дар Иттиҳоди Аврупо пас аз арзёбии мусбати Агентии доруҳои Аврупо низ тасдиқ карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста