Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳории наваскаронро ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар содир кард. Мутобиқи фармон ба Қувваҳои мусаллаҳ шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар моҳҳои апрел ва май даъват карда мешаванд.

Дар фармони Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "моҳҳои апрел-майи соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин фармон Вазорати дифоъ ва раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳову шаҳру ноҳияҳоро бо иштироки кормандони амнияту корҳои дохилӣ ба интихоби дақиқи даъватшудагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус дастур дода, аз онҳо хостааст, ки "бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд".

Ҳамчунин дар ин фармон ниҳодҳои давлатӣ барои тарғибу ташвиқи маъракаи даъват масъул шудаанд ва ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур шудааст, ки барои комиссияи тиббӣ пизишкони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Мутобиқи ин фармон хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2021 гусел карда мешаванд.

Даъвати нави баҳорӣ ба хидмати сарбозӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон моҳи январи имсол ба қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» низ тағйирот сурат гирифт, ки мутобиқи он базе дигаргуниҳо барои даъват ва хидмати сарбозӣ ворид шуд. Ин қонун барои бархе аз категорияҳои дъаватшавандагон хидмати алтернативиро пешбинӣ мекунад, ки онҳо бо пардохти маблағи мушаххасе бо гузаштани хидмати якмоҳаи дастаҷамъӣ аз хидмати сарбозӣ озод карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.