Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хаттти марзи давлатӣ байни давлатҳо нимаи дуюми рӯзи 16 март дар шаҳри Гулистон оғоз гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Гуфтушуниди ҷонибҳо пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.
Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Имрӯз шаҳрҳои Исфара зиёда аз 136 километр, Конибодом 46 километр, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 36 километр, Ҷаббор Расулов 51 километр, Спитамен 14 километр, Деваштич 69,2 километр ва Кӯҳистони Мастчоҳ 169,8 километр бо Қирғизистон хатти марз доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста