Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба амал омадани боришоти бошиддат, борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) ва раъду барқ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 3-4 апрел дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол  аз самти ғарб бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бо шиддатнокии то 21-26м/с дар назар аст.

Давоми рӯзҳои 2-5 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма ва дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда, доманакӯҳӣ - кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 4-5 апрел дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Бо сабаби боришҳои шадид ва баланд рафтани дамои ҳаво хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва омадани сел вуҷуд дорад. Дар чарогоҳҳои кӯҳӣ чаронидани чорво низ мушкил мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, дар чунин шароити вазъи обуҳаво аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпартои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Кумита аз шаҳрвандон боисророна дархост мекунад, ки ҳатман маълумоти КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро пайгирӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.