Ҳукумати Тоҷикитстон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ”-ро таҳия ва ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмати ҳарбӣ адо кардаанд, ба мактабҳои олии ҳарбии кишвар бе озмун қабул шуда метавонанд.

“Чунин имтиёз ба собиқ сарбозон танҳо зимни қабул шудан ба мактабҳои олии ҳарбӣ дода шуда, ба дигар мактабҳои олӣ дахл надорад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод.

Ӯ зикр кард, ки аз имтиёзи зикршуда ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба мактабҳои олии ҳарбии дигар давлатҳо дохил шуданианду Тоҷикистон бо онҳо дар ин хусус созишномаи дахлдор  ба имзо расонидааст, истифода бурда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон танҳо як мактаби олии ҳарбӣ - Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумурӣ фаъолият мекунад, ки аввали соли 1993 таъсис дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.