Саймумин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, имрӯз баъд аз анҷоми вохурӣ ва музокирот бо ҳайати ҷониби Қирғизистон изҳор дошт, ки онҳо ҷиҳати қатъи тирпаронӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар марз ба мувофиқа расиданд.
“Имрӯз дар натиҷаи музокирот, мо ба тавофуқоти усулӣ барои таъмини сулҳу оромӣ дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон расидем. Ман бовар дорам, ки мо метавонем дар наздиктарин фурсат тамоми мушкилотро ҳал кунем, то ки мардумони мо чун ҳамеша дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд”, - гуфт Ятимов
Ӯ гуфт, “фоҷеае ки дар ноҳияҳои наздимарзӣ рух дод, ҳеҷ гоҳ набояд тарор шавад, зеро дар ин минтақа сокинони осоиштаи ду кишвар зиндагӣ мекунанд”.
Ятимов музокироти имрӯзро хеле натиҷадор унвон кард
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон ҳам баъди ин музокирот гуфт, ки мо протоколи иборат аз чор бандеро имзо кардем, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст.
“Имрӯз мардумони мо рӯзҳои сахтеро мегузаронанд, даврони буҳрониро. Дар мо фоҷиа рух дод, фоҷиаи ду кишвар. Барои мо бисёр душвор буд, ки дар ин рӯзҳо мулоқот кунему корро пеш барем, вале бо вуҷуди ин ҳама бо дастури сарони кишварҳоямон мо ин нишастро гузаронидем. Дар натиҷа тавофуқ кардем, ки даргириҳои мусаллаҳона комилан қатъ мешавад ва неруҳоро аз марз берун мекашем".
Ба ҷуз ин, сар аз имрӯз бо талошҳои ҳамсояҳои муҳтарам ва мо, Худо кунад, ки сулҳу суботи комил дар кишварҳои мо биояд, хусусан дар манотиқи марзӣ. Мо хеле умедворем, ки тасмимҳои гирифтаи мо, ки дар протокол зикр шудаанд, иҷро мешаванд,-гуфт Тошиев.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста