Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Хуршед Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои махсус (Дастаи милитсияи таъиноти махсус (ОМОН), Дастаи махсуси зудамал (СОБР) ва Таъиноти махсус (Спецназ)-и ВКД Тоҷикистон дар бораи рӯйдодҳои рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар кард.

“Вақте ҳамла сар шуд, мо ба муқовимат оғоз кардем”

- Чаро ногаҳон тирпарронии зиёд сар шуд?

- Субҳи барвақт як мошини УАЗ аз Қирғизистон ба қаламрави баҳсии Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ омада, ба тирпарронӣ ба ҳаво оғоз намуд. Бамаврид аст гуфтан, ки яке аз ин мошинҳоии УАЗ-ро мо баъдан ба муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон баргардонидем.

Бо шунидани садои тирпарронӣ шаҳрвандони мо ба ҳавлиҳояшон ва берун баромада, ба сӯйи онҳо тир паррониданд. Қурбониён аз ҷониби мо аз пешониашон тир хӯрданд. Ба пешонӣ танҳо тирпарронҳои касбӣ (снайперҳо) нишон гирифта метавонанд.

- Тибқи протоколи дуҷониба, дар сарҳад бояд шумори маҳдуди сохторҳои қудратӣ нигоҳ дошта шаванд. Аз куҷо дар сарҳад чунин тирпарронҳои касбӣ пайдо шуданд?

- Ба ғайр аз тирпарронҳои касбӣ, шаҳрвнадони қаторӣ ҳам аз силоҳи шикорӣ ба тирпарронӣ сӯйи мо оғоз карданд. Вақте ки ҳамла сар шуд, мо ба пеши роҳи онро гирифтан оғоз кардем.

Ҳамчунин гуфтаниам, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳеҷ ҷо техникаи зиреҳиро аввалин шуда истифода накард. Рӯзи 2 май дар Хоҷаи Аъло мо 26 тир (тири тӯп, снаряд) ёфта, безарар гардонидем.

Бархе некиву меҳрубониро заифӣ мепиндоранд. Чандин солҳост, ки мо дар ҳамсоягӣ зистем ва минбаъд ҳам зиндагонӣ мекунем. Ҳеҷ ҷойе рафта наметавонем. Хоҳ нохоҳ моро лозим меояд, ки якҷоя зиндагӣ кунем, аз ин рӯ, дӯстона зиндагӣ кардану ҳамдигарро ҳурмат кардан лозим аст.

Ман шахсон ҳамсояҳоро ҳурмат мекунам. Одами замони шӯравиам, дар артиши шӯравӣ хидмат кардам, бо бародарони қирғиз зиндагиву хидмат кардем, дар як кишвару дар як казарма иқомат доштему аз як дег хӯрок мехӯрдем. Аз Қирғизистон ҳамхидматони зиёд дорам.

Лекин бародарон, мушкилро на бо норинҷакафкану (гранатомёт) пулемёт ва тирпарронӣ сӯйи аҳолии осоишта, балки бо роҳи гуфтушунид ҳал кардан лозим аст. Мо ба таҷовузу ҳамла муқовимат нишон медиҳем, назди аҳолӣ масъулем.
Хуршед Муҳаммадзода
Сурати пешниҳодшуда

- Ба амалиёт дар сарҳад чӣ қадар неруи иловагӣ (ба ҷуз сарҳадбонони он ҷо қарордошта) ҷалб шуд? Кадом воҳидҳо?

“Агар мо ҳамла мекардем, қурбонӣ зиёд мешуд”

- Шуморашро гуфта наметавонам, онҳо каманд. Мо аз Душанбе неру наовардем, ҳамаи неруҳои ҷалбшуда аз воҳидҳои вилоятӣ буданд.

Ба низоъ асосан сарҳадбонон, милитсия ва Дастаи таъиноти махсус (ОМОН) ҷалб шуданд (тибқи созишномаи дуҷониба дар ҳар кадоме аз ноҳияи наздисарҳадӣ шумори онҳо бояд 10 нафар бошад).

“Алфа” субҳи 29 апрел, вақте вазъият дар марз шиддатгнок шуд, ба сӯйи сарҳад раҳсипор шуда, бегоҳӣ омад, вақте ки аллакай дар бораи оташбас фармон дода шуд. Онҳо барвақттар омада наметавонистанд, чунки роҳ зери назорати мо набуд.

- Шумори хидматчиёни ҳарбии ҳалокшуда ва захмишуда чӣ қадар аст?

- Ман маълумоти дақиқ дар даст надорам. Лекин агар ҳамла мекардем, талафот дар мо бисёртар мешуд. Мо на дар ҳуҷум, балки дар мудофиа будем. Барои ҳамин талафот дар мо камтар аст.

Аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон чӣ қадар ва кадом навъи техникаҳо истифода шуд?

- Инҳо асосан техникаҳое буданд, ки дар макони будубоши доимӣ қарор доштанд.

“Протоколҳо имзо шуданд, мо бояд қаламрави наздисарҳадиро тарк кунем”

- Дар интернет навори видеоие ҳаст, ки дар он бархе бо забони тоҷикӣ мегӯянд, ки хонаҳои қирғизҳоро оташ задаанд. Шарҳ дода метавонед?

- Ман бо камоли масъулият ба шумо мегӯям: хидматчиёни ҳарбӣ ягон хонаро оташ назадаанд. Бо ҳамсояҳо дӯстона зиндагӣ кардан лозим аст.

Ин ҳодиса натиҷаи қаҳру ғазаб аст, ки солҳои зиёде дар одамон ҷамъ шудааст. Дар одамоне, ки дар қаламрави наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд. Бо ин (оташзании хонаҳо) шояд одамон эҳсосоти худро фурӯ нишонданд.

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон навори видео ва аксҳое нашр шуданд, ки дар он одамон дар бораи ҳифзи сарҳад изҳор омодагӣ мекунанд. Кӣ ва чаро сокинони ҷумҳуриро ба ин амал сафарбар кард?

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” ба сафарбарии аҳолӣ дар сурати аз ҷониби давлати бегона ба сарзамини мо ҳамла кардан имкон медиҳад. Дар ин ҳолат, шаҳрвандони мо ба сафарбарӣ ва ба ҳимояи ватани худ бархостан уҳдадоранд.

Лекин аҳолӣ дар захира қарор дошт, ба ҷанг набаромадааст. Ба ҳама касоне, ки аз тамоми вилоятҳо баҳри ҳимояи ватан овоз баланд карданд, изҳори миннатдорӣ мекунам, лекин боз такрор мекунам, ки мо аз онҳо истифода набурдем.

Ҳозир сари аксарият суоле чарх мезанад, ки “Алфа”, “ОМОН”-и мо куҷо буд? Дар ҳама нуқтаҳои низоъ мо ҳузур доштем.

- Ҳозир шумо меравед?

- Бале, созишнома ва протоколҳо имзо шуданд. Дар доираи қарордодҳо мо бояд минтақаҳои наздисарҳадиро тарк кунем.

Бори дигар такрор мекунам: мо заминҳоро канда, бо ҳамсояҳо тақсим карда наметавонем. Моро лозим аст, ки ба созиш расида, вазъро ба эътидол орем.

Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.