Бар пай бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва суқути вулусволӣ(ноҳия)-ҳои зиёди ин кишвар ба дасти гуруҳи “Толибон” вазири дифоъ ва вазири дохилаи ин кишвар нав шуданд.

Раисҷумҳури ин кишвар Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ яке аз қумандонҳои даврони ҷиҳоди Афғонистон бо неруҳои Шӯравӣ ва муқовимат бо “Толибон”-ро сарпараст (иҷрокунандаи вазифа)-и вазири дифои ин кишвар таъин кардааст. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ аз ин пеш ҳам дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай вазири дифои ин кишвар ва раиси Ситоди неруҳои мусаллаҳи Афғонистон буд.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар рӯзи нахусти муаррифияш дар Кохи Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки бо таҷрибае, ки аз солҳои пеш дорад, “Толибонро саркӯб хоҳад кард”

“Ҳар гоҳ “Толибон” роҳи хушунатро дар пеш гиранд ва ҷангу хунрезиро идома диҳанд, бидонанд, ки ба аҳдофи шумашон нарасида ва ин ормони худро ба гӯр хоҳанд бурд. Бо доштани таҷоруби корӣ аз замони ҷиҳоду муқовимат ва солҳои пасини хидматгузорӣ дар неруҳои дифоӣ ва давлатӣ корро барои хунсо кардани ҳадафҳои онҳо оғоз хоҳам кард”,-гуфт оқои Бисмиллохон.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ яке фармондеҳон ва чеҳраҳои таъсиргузори даврони ҷиҳоду муқовимати Афғонистон аст, ки таҳти ҳидояти Аҳмадшоҳ Масъуд Қаҳрамони миллии Афғонистон меҷангид.

Дар баробари Бисмиллохон ҳамчунин Абдулсаттор Мирзаквол сарпарасти вазорати дохилаи ин кишвар таъин шудааст. Мирзаквол пештар дар вилояти Кундузу Кунар раиси вилоят (волӣ) буд. Гуфта мешавад, ки бар пайи ин тағйирот ҳамчунин муовинони вазири дохила низ комилан нав шудаанд.

Ин тағйирот дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон ҳоло дар 24 вилояти ин кишвар неруҳои давлатӣ бо гуруҳи “Толибон” даргири ҷанг ҳастанд.

Суқути 15 вулусволӣ дар 48 соати ахир

Танҳо дар ду се рӯзи ахир дар ин кишвар неруҳои давлатӣ аз 15 вулусволӣ берун шудаанд ва нигарониҳо аз суқут кардани вулусволиҳо дар бахшҳои дигари ин кишвар ба дасти “Толибон” зиёд шудааст.

Бахше аз вулусволии вилояти Тахори Афғонистон. Ин вилоят бо Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Дар вилояти Форёб бар иловаи ба дасти “Толибон” афтодани чанд вулусволӣ, ҳамчунин доманаи ҷанг ба наздикиҳои шаҳри Маймана, маркази ин вилоят расидааст.

Намояндаҳои ин вилоят дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфтаанд, ки агар неруҳои кӯмакӣ ба ин вилоят фиристода нашавад, эҳтимол аст, ки маркази вилоят ҳам суқут кунад.

Бар иловаи ин, 8 вулусволии вилояти Тахори ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ба дасти Толибон афтодаанд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулуънеюс”-и Афғонситон вулусволиҳои Чол, Намакоб, Янгиқалъа, Хоҷағор, Хоҷабаҳоваддин, Дарқад, Дашти Қалъа, Ҳазорсамучи вилояти Тахор ва Дашти Арчии вилояти Кундуз, Дараи Суфи боло дар Самангон, Чаҳорбулак дар Балх, Мангаҷик ва Хонақоҳ дар Ҷузвҷон, Хошрӯд дар Нимрӯз ва Харвор дар Лугар низ дар 24-соати гузашта ба дасти Толибон афтодаанд.

Амирмаҳмуд Хоксор намояндаи мардуми Афғонистон дар Маҷлиси Намояндагони ин кишвар гуфтааст, ки вазъияти амниятии шаҳри Толиқон-маркази вилоят ҳам бисёр хароб аст ва агар ҳукумати марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ накунад, эҳтимоли суҷути ин шаҳр ҳам вуҷуд дорад.

 Суқути пай дар пайи вулусволиҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки музокироти сулҳи ин кишвар бо гуруҳи “Толибон”, ки бар пайи як тавофуқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин гуруҳ ҳосил шуд, дар Давҳаи Қатар ба нокомӣ кашидааст.

Мулло Ғанӣ Бародар раиси сиёсии гуруҳи “Толибон” дирӯз дар як навишташ, ки онро расонаҳои Афғонистон расонаӣ кардаанд, гуфтааст, ки тавофуқномаи Қатар бояд комилан риоят шавад.

Мулло Ғанӣ Бародар, раиси сиёсии гуруҳи "Толибон"

Бар пайи ин тавофуқнома то кунун давлати Афғонистон бештар аз 5 ҳазор зиндонии ин гуруҳро озод карда, бояд 7 ҳазор зиндонии дигарро ҳам раҳо кунаду номи “Толибон” аз рӯйхати сиёҳи гуруҳҳои террористии ИМА берун шавад.

Бар пайи бад шудани авзои амниятӣ дар рӯзҳои ахир дар ин кишвар, Русия ба шаҳрвандони худаш ҳушдор додааст, ки аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 20-уми июн бо мақомоти баландпояи низомии вилоят як ҷаласаи фаврӣ гузаронида, аз бад шудани авзои амниятӣ дар кишвари ҳамсоя нигаронӣ карда, ба омода шудани неруҳои кишвар барои ҳимяот аз хатарҳои эҳтимолӣ даъват кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.